Санаи 27 сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, даъвати панҷум баргузор гардид. Иҷлосия таҳти роҳбарии Ҷаббори Ғаффор раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён доир гардида, ҳамчун намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муовини аввали раиси вилоят иштирок намуд.
Рӯзномаи иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин тасдиқ гардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
1. Дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён даъвати панҷум.
2. Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 14 декабри соли 2012, №594 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2012, №268 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020».
3. Ҳисоботи котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён.
4. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва зидди маводи нашъаовар.
5. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаҳои интихоботии «Заргар», №37
6. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.
Сараввал И. Абдуллоев ҳисоботи раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён «Дар бораи натиҷаи гузаронидани интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён дар ҳавзаи интихоботии «Меҳнатобод», №9 шунида шуд. Қайд гардид, ки рӯзи 23 снтябри соли равон дар ҳавзаи интихоботии «Меҳнатобод» №9, ба хотири гузаронидани интихобот як гӯшаи интихоботӣ ташкил карда шуд, ки дар он сокинони деҳаҳои «Дилбар», «Лоҳутӣ» ва «Сулҳобод» иштирок намуданд. Дар интихоботӣ зикр гардида зиёда аз 1 ҳазору 600 нафар интихобкунанда ширкат намуда, ба номзади арзанда овози худро доданд. Ба хотири он, ки интихобот дар вазъияти шаффофу демократӣ озодона баргузор гардад, аз ҷониби масъулини ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо рафтӣ ин чорабинӣ сиёсиро назорат намуда, ягон ҳолатҳои қонуншиканиро мушоҳида накарданд. Аз ҳама бештар Муҳамадзариф Шарифзода Раҳмон овоз гирифт, ва рӯзи баргузории иҷлосия ваколати ӯ аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқии ноҳия тасдиқ гардида, дар вазъиятӣ тантанавӣ ба ӯ аз тарафи раиси ноҳия шаҳодатнома ва нишони вакили супорида шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи Аҳлидинзода С муовини якуми раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 14 декабри соли 2012, №594 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 ноябри соли 2012, №268 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» шунида шуд. Аҳлидинзода С доир ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ, манбаи таъмини корхонаҳои коркарди саноатӣ бо ашёи хом, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори содирот ба хориҷӣ кишвар ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ташкилӣ ҷойҳои нави корӣ ба шумор рафта, фаъолияти корӣ соҳаи кишоварзии ноҳия, асосан баҳри иҷрои барномаи ислоҳоти кишоварзӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба беҳтар намудани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии сокинони ноҳия равона карда шудааст. Муовини якуми раиси ноҳия ёдовар шуд, ки бо мақсади истифодаи самараноки замин, соҳиби замин гадидани саҳмдорон ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар доираи барномаи мазкур 2 ҳазору 225 адад хоҷагиҳои деҳқонии хурд таъсис дода шуд, - афзуд ӯ.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи Шарипова Ш. котиби камиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шунида шуд. Қайд гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 64 маротиба ҷамъомадҳо гузаронида, ба 29 нафар шаҳрвандон хулосаи комиссия оид ба фарзандхондӣ пешниҳод гардида, бо ҳукми суд 20 нафар кӯдакони ноболиғ ба фарзандхонӣ қабул карда шудааст. Инчунин бо қарори раиси ноҳия 19 нафар ятимон ба васоят ва парасторӣ қабул карда шудааст, ки аз ин шумора 14 нафар духтарон, 11 нафар ятимони кулл, боқимондаро кӯдакони нимятим ташкил медиҳад. Дар идомаи баромади худ, илова намуд, ки дар айни замон дар ноҳия 34 нафар ятимони кулл ба қайд гирифта шуд, дар бонки амонатгузории №54 ба номи ҳар яки онҳо суратҳисби махсус кушода шудааст. Дар суратҳисоби 34 нафар ятимон дар умум 72 ҳазору 585 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша ворид шудани маблағ ба суратҳисоби ятимон идома дорад, - гуфт Шарипова Ш.
Дар идомаи иҷлосия дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба хотири пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагиҳои халқи ноҳия аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ