Мо, омӯзгорон, рафтору кирдори намояндагони ҲН сахт маҳкум намуда, зери тозиёнаи танқид мегирем. Имрӯзҳо мо аз коҳиш ёфтани ахлоқи ҷавонон ва сатҳи пасти маънавиёти фарҳангии онҳо дар суҳбату вохӯриҳо ва ҷамъомаду ҷаласаҳо муҳокимаронй менамоем. Ин муноқиша ва рафтори ношоистаи намояндагони ҲН, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳониро вайрон месозанду боиси муҳокимаҳо мегарданд, моро водор месозад, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносй тарбия намоем.
Дар ҷомеаи кунунӣ баъзе ҷавонон ва наврасоне ҳастанд, ки бо сабаби камсаводи мавқеи худро дар ҷомеа наёфта, ба зери таъсири баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгароӣ қарор мегиранд ва ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Ин зуҳурот талаб мекунад, ки на танҳо аҳди илму маориф ва оила, балки тамоми ҷомеа барои дурусту хушахлоқ ва ба ҷомеаву миллат фоидаовар ба камол расидани насли наврас диққати ҷиддӣ диҳанд.
Ҳизбе, ки барои ободии кишвар заррае ҳаракат намекунад, танҳо вайронкориро мақсади асосии худ донистааст, дар арсаи таърих набудани он садҳо маротиба афзалтар аст. Ин қотилони миллаткуш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ даст ба куштори беҳтарин фарзандони бо илму фарҳанги ватан, ходимони сиёсии кишвар даст задаанд, ки ин нобахшиданист.
Рӯзи 11 сентябри соли равон як фаъоли мухолифин бо номи Сулаймони Орзу ба дасти Айёмиддин Сатторов, собиқ узви раёсати ҲН навиштаҷоте рӯйи қоғаз бо матни “Зиндониҳои сиёсиро озод кунед”-ро дода, хост акси ӯро бигирад, муноқиша бархост. Бо ин рафторашон мехоҳанд бори дигар оромии мардуми тоҷикро халалдор созанд. Чи хеле, ки дар урфият мегӯянд “Кӯр асояшро як бор гум мекунад”...
Мо, коллективи педагогӣ, намояндагони ҳизби мамнуъшудаи ҲН-ро, ки бо Қарори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ манъ шудааст, маҳкум мекунем. Ин ҳизб ва намояндагони он ҳеҷ вақт баҳри Тоҷикистон кореро, ки ба ободонии кишвар вобастагй допгга бошад накардаанд. Намояндагони ҲН ҳуқуқ надоранд, ки аз номи мардуми тоҷик баромад намуда, зиндагии осоиштаи моро халалдор созанд.
Ин қадар террор, ин қадар куштор танҳо бо ташаббуси ин ҳизби мамнӯъшуда дар кишвар ва талош баҳри мансаб сар зада буд.
Мо, мардуми тоҷик дигар ба доми ин гуна дасисабозҳо намеафтем ва аз бозиҳои сиёсии намояндагони мухолифин бархурдор ҳастему маҳкум месозем.
Мо, омӯзгорон барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз, дар тарбияи насли навраси имрӯза ҷидду ҷахд намуда, сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирй менамоем.
Кормандон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Кӯшониён