Муроҷиатномаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Кӯшониён

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷахонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиши овардааст терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин зуҳуроти  номатлуб  боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш тахдид ё истифодаи зӯроварӣ расондани зарари вазнин ба ҳаёти арбоби давлат  ё  ҷамъиятӣ,  бенизомӣ, барангехтани  низои  миллӣ ва динӣ мебошад.

Маънои дини Ислом ин покизагиву ростқавлии инсонро дар бар мегирад. Ҳатто дар Қуръони Карим низ қатли ом яке аз падидаи номатлуб низ эътироф шудааст ва дар наҳзати Ислом низ ростқавливу поктинати ва омӯхтани илмҳои гуногун ва дустдоштани  Ватану  миллати  хеш  яке  аз нишонаҳои волои инсонӣ  эътироф шудааст. Аммо  баъзе ашхоси  ҷомеа ҳаст, ки саводи кофӣ маънави надоштан аз номи дини Ислом истифода бурда мардумро ба худ мутеъ мегардонанд.

Пушида нест, ки ҲН дар тули 25 - соли фаъолият аз соли 1990 то соли 2015 пинҳони бо гурӯҳҳои ифротгарои хамдасти дошта мардумро бо роҳи фиребу найранг ба доми гурӯҳҳои муташаккили террористӣ ҷалб менамуданд. Чӣ гуна метавон дидаву дониста ба фаъолияти ин гуна ҳизбу иғвоангез дасисакор чашм пушем ва ояндаи фарзандони худро ба хатар монем.

Ин гуна падидаи номатлуб сатҳи пасти шароити зиндагӣ бехабар будан аз маърифати ҳуқуқи таълиму тарбияи нокифояи насли наврас метавонад бошад.

Масъалаҳои ҳалталабе, ки имрӯз миёни ҷавонону насли наврас ва умумии мардуми тоҷик мавриди истифода қарор гирифтааст тамошои филмхои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, ки метавонад тафаккури мардум ба хусус насли наврасе, ки иродаи заиф ва маърифати нокифояи ҷаҳонбинӣ доранд зарар расонида дар дили онҳо шавқу завқро нисбати ин ҷараёни номувофиқ бедор созад.

Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо бархе аз ҷавонони гумроҳи мо ва гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда миллату давлат оила ва пеш аз ҳама умри ҷавони хешро қурбони ин зуроварони номатлуб месозанд.

Дар солҳои 90-уми асри XX саркардагони ин гурӯҳи ифротгароӣ бо номи наҳзати Ислом амалиётҳои зидди давлатӣ ва ба қатл расонидани равшанфикронӣ Тоҷикистони азизамонро, ки мақсади асосиашон Тоҷикистонро ҳамчун як давлати ба монанди давлатҳои ҷангдида дар арсаи ҷахон нишон диҳанд ва саркардаи ин наҳзат Кабирӣ, ки бо номи наҳзати ислом амалиётҳои худро анҷом медод ва мақсади ӯ ба хеҷ як дину мазҳаб набуда танҳо бо ин ном кор пеш мебурд, махсусан ин амалиётҳои М. Кабирӣ ба маблағҳои пулии давлати Эрон ва дастгириҳои Ҳукумати Эрон равона карда мешуд.

Албатта ман тарафдори онам, ҲН ба тамом аз сиёсати давлат дур карда шуд фаъолияташ умуман иҷозат дода нашавад. Мусулмон ва паёрави дини Ислом будани моро ҳеҷ як давлату мақомот манъ карда наметавонад вале амал намудани ҲН барои мусулмон будани мардум нест.

Хулоса: Итминон дорем, ки ҳар як тоҷику тоҷикистони фарзанди бо фаҳму марифати ватану миллати хеш бошад мардумашро, Ватанашро, забонашро дӯст дорад нисбати ояндаи давлат насли наврас бетараф набошад.

Аз ин ҷо натиҷа гирифтан мумкин аст, ки элитаи сиёсии наҳзати, ки дар хориҷ умр ба сар мебаранд на танҳо барои кишвари мо Тоҷикистон балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳон зараровар мебошанд.

Директори МТМУ №9 И. Пиров

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.