Маросими савгандёдкунии саркардагони гурўҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ

   Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асоҳои сохтори конститутсионӣ, амниятӣ давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.   Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ  ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеъиро барои роҳ надодан ба ҳарактҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд. Рўзи 22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврўзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд. Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:

-ташкилу роҳбарии гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;

— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;

— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— таҳқири намояндаи ҳокимият;

-авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;

-гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);

-роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

     Ба саркардагони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятии мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд:

— 187-Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

— 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа;

— 188- Бетартибиҳои оммавӣ;

— 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ;

— 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш;

— 200 — Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо маққсади ба соҳибияти каси дигар додан;

— 201 — Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ;

— 237- Авбошӣ;

— 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият.

   Саркардагони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як-як уҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботи дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд. Огоҳии расмиро муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., сардори РКДАМ дар ВМКБ полковник Меликов М.Э., муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқӣ А.Н., сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи 1 Содиқзода Р.М., прокурори ВМКБ АсозодаД. А., прокурори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботов М., муовини якуми раиси ВМКБ Мирзонаботов А. дар ҳузури намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Иргашев Ф. эълон намуданд.

 

Рӯзномаи Кўшониён

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.