Кабири роҳбари ташкилоти экстреместию террористии хизби наҳзати исломӣ сияҳкору фитнаҷӯ ва ҳаммаслакони онҳо ҳамчун сиёҳкорон ба ҷомеа зарар расонда, фитна ангехтаву дурӯғ паҳн карда, ҷавононро гумроҳ намуда, ба роҳҳои нодуруст раҳсипор менамоянд. Онҳо бар ивази луқмаи ҳарому ночиз ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони нотавонбинӣ тоҷикситезашон иборат зери номҳои гуногун, вале дар асл ҳамагй фармонбардори як хоҷа чун доги сиёҳ зуҳур карда, бешармона дар таъсиси боз як гурӯҳи ҷангҷӯ бо номи «Паймогш миллии Тоҷикистон» бомҳо мезананд.
Амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи онҳо дар давраи ҷанги шаҳрвандй, ошӯби гурӯҳи ҳоҷи Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Дангара, инчунин, филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва садҳо далелҳои дигар ҷой доранд.
Кабирии алаиҳилъана мехоҳанд бо ҳамкории ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо ҳар роҳу васила ваҳдату суботи моро халалдор намоянд. Пӯшида нест, ки Кабири ва ҳаммаслакони ӯ тариқи расонаҳои хабарй, яъне бо усули муборизаи иттилоотӣ давлату миллати тоҷикро аз дур истода санги маломат мезананд.
Бо мақсади паст задании мавқеи давлати тоҷик дар миқёси байналхалқй ва миитақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани Ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошзд аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҲН назар мерасад. Ҳарчанд ашхоси номбурда зодаи Тоҷикистонанд (садқаи обу хоки Тоҷикистон шаванд), вале дар асл муносибати дурушт бо Ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблианд, аммо ба шаклу намуди дигар роҳандози мегарданд. Ҳасудхӯрон аз дурӯгу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ нишон диҳанд.
Ҳарчанд Кабирӣ собиқ роҳбари фирории ҳизб ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқсае изҳороти нодуруст медиҳанд. Аммо фаромуш сохтаанд, ки тамоми сокинон ва башандагони Точикистон аз хурд то бузург аз ҳақиқат огахаид ва ин амалҳоро шадидан маҳкум месозанд.
Кабирии ватанфурушу масҳаббегона роҳбари ташкилоти тсррористй ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш аз хориҷи кишвар зидди маллати тоҷик мубориза мебарад, аммо ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид. Зеро ҳамватанони мо медонанд, ки Кабири кист?, ва паси парда чӣ мехоҳад?! Оё Кабири чи хизмат ба падару модари худ кардааст, ки ба ватану миллаташ менамояд. Як бор ба сомонаҳои интернетӣ Кабири назар афканад мефаҳмад, ки ба амалҳои пасипардагию хоинонаи ӯ чи мегӯянд. Паёмадҳое, ки Кабириро интизор аст дер ё зуд домангираш хоҳанд шуд ва тамоми мардуми Тоҷикистон он рӯзро интизоранд.
Мудири шуъбаи моарифи нохияи Кӯшониён
К.Нурмахмадзода