Беш аз 10 ҳазор ниҳолони ҳамешасабз шинонида шуд

   Ба хотири зебову обод гардонидани кучаю хиёбонҳои ноҳия, дар назди ташкилоту идораҳо, кучаю хибонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳамчунин дар ду тарафи роҳҳои марказӣ ноҳия ниҳолони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороиши шинонида шуд.

  Ҳамчунин аз субҳи содиқи сокинони барои зебо гардонидани ду тарафи роҳҳои Ҷамоати шаҳраки Бохтариён, ки дар шоҳроҳи шаҳри Бохтар, Левакант қарор дорад мардум аз рӯзи муносиби офтоби истифода намуда ба шинонидани гулу буттҳои ва дарахтони ҳамешасабз баромаданд.

  Сокинони ноҳияи Кӯшониён сиёсати созандагию ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи корӣ худ қарор дода, барои ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳаҳои худашон рӯзҳои истироҳати бо як рӯҳияи баланди ватандӯсти ободкорӣ ба ҳашари умумӣ мебароянд.

   Ҳамчунин тибқи иттилоъи  А. Ҷалилов, сардори шуъбаи муҳити зисти ноҳия гуфт, ки  барои беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист ва зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳои ноҳия аз тарафи идораи мазкур тамоми кӯшишу талошҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд, ҳамчунин имсол 3 ҳазор ниҳолҳои ҳамешасабз, шинонида шудааст, ки ин дарахтон метавонанд дар чор фасли сол барои истироҳату фароѓати сокинон саҳмгузор  бошанд.  Дарахтони сояафкан 19 ҳазор, дарахтони ҳамешасабз бошад 65 ҳазор, 45 ҳазор дарахтони ороиши, барои зебо гаштани марказӣ ноҳия ва ҷамоату шаҳракҳо беш аз 235 ҳазор гулу гулбуттаҳо, 2 ҳазор лола ва 15 ҳазор гулҳои садбарг шинонида шудааст”, - гуфт А.Ҷалилов, сардори шуъбаи муҳити зисти ноҳия. Ҳамзамон А.Ҷалилов, сардори шуъбаи муҳити зисти ноҳия, иттилоъ дода шуд, ки ин иқдоми некро дар оянда низ пайваста амалӣ намуда барои ободии як гӯшаи диёри биҳиштосоямон саҳми худро гузоранд.

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.