
Мардуми тоҷик бо роҳбарии сарвари хирадтманду сиёсатмадори шинохтаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи нек раҳсипор гардида, кишвари худро ободу зебо намуда истодаанд.
Ба кор даромадани чархаи аввали НБО – и Роғун шаҳодати боз ҳам қудратманд шудани кишварамон гардид, ки боиси хурсандиву сарафрозӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аст.
Имрӯзҳо Тоҷикистон ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои зиёди созандагиву бунёдкориро ба нақша гирифтаасту ба ин муносибат мактабу донишгоҳҳо, биноҳои серошёна, садҳо гулгашту хиёбонҳо, роҳу иншоотҳои бузург пайи ҳам бунёд ёфта истодаанд.
Ҳамаи ин навгониҳо, пешравиҳои Тоҷикистон наҳзатиҳоро заифтару нотавон менамояд, зеро онҳо бадхоҳону душмани миллатамон мебошанд ва рушду тараққии кишварамон чун хор ба тани онҳо халида, нооромашон месозанд.
Ҳамоиши навбатии наҳзатиҳо дар назди Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин бо талаби “Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ” бо шиору овеза ва аксҳои баъзе аз маҳбусони сиёсӣ баргузор гардид. Дар гирдиҳамоии мазкур на бештар аз 30 наҳзатиҳо бо хешу ақрабоҳояшон ва кӯдакону роҳгузарони кироӣ иштирок намуда, талабҳои беасос намуданд, ки натиҷае нахоҳад дод. Талабу хоҳиши онҳо ин буд, ки Маҳмадалии Ҳаит - муовини роҳбари ТТЭ ҲН, Зайд Саид – муассиси ҳизби Тоҷикистони нав, Б. Ёров вакили дифоъ ва дигар маҳбусони сиёсӣ фавран озод карда шаванд.
Наҳзатиҳо имрӯз ҳуқуқи зиндониёни сиёсиро ҳимоя мекунанд, онҳоро бегуноҳ ном бурда, зиндониёни сиёсиро, ки наҳзатианд ва барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳбасӣ гаштаанд, шарм надошта тарафдорӣ мекунанд. Даъвову талабҳои наҳзатиҳо нисбати маҳбусони сиёсӣ даъвоҳои пучу холӣ ва беасосанд, зеро ҳар кадом маҳбусоне, ки онҳо ном мебаранд, ҳақиқатан ҷинояткоранд ва мувофиқи гуноҳашон ҷазо гирифта истодаанд. Зиндониёне, ки наҳзатиҳо озодии онҳоро талаб доранд, дар табадуллоти давлатӣ бо гуноҳҳои террористиву ифротгароӣ, ҷиноятҳои хусусияти иҷтисодӣ дошта фассод ва коррупсия паси панҷара нишастаанд.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён:
Сатторова М