Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини Ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин акқалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатоӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти собиқ ҲН ҳаракати мардумии “Растохез, ки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷ.Ш.С Тоҷокистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ташкил ёфтан гирифтанд. Собиқ ҲН 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаасоифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амали созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузапгга дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲН, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзи ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Авғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивазиқурбониҳои Ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои ракобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатхои Шарқ ба чойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интикол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террористи ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини Ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ кандани нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онхо моҳи сентябри соли 2015 дар Точикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз ҳарвакта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онхоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲН-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар худуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рунгги устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Дар шароити ҳозира маркази исломшиноси дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмии таҳлилӣ бо масъулияти калон хуқуқ ва уҳдадориҳои худро иҷро карда истодааст.
Омӯзгор Қурбонов Х.М