Миллати тоҷик таърихи бойю ғани дорад

      Миллати тоҷик таърихи бойю ғани дошта аз қадимулайём мардуми бофарҳанг буд ва дар таърихи тамаддуни аҷдодони хеш дар арсаи давлатҳои ҷаҳон шинохта мешавад. Таърих гувоҳи медиҳад, ки миллати тоҷик давлатдории худро дар асрҳои 6-4 пеш азмелод оғоз намудааст.

      Дар тулли таърихи кӯҳансоли миллати тоҷик борҳо дар зери тобеъияти қабилаҳои бодиянишини муғулҳо ва давлатҳои дигари осиёи миёна монда буданд, ин раванд то давраҳои ба даст овардани истиқлолият давом карда буд, ки ин раванд дар таърихи миллати тоҷик ҳазорсолаҳоро дар бар мегирифт.

      Ногуфта намонад,ки мо мардуми тоҷик баъд аз пош хӯрдани иттиҳоди шурави дар Ҷумҳурии мо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро пайдо шуд, ки онҳо аз фурсати парокандагии миллат истифода бурда мехостанд давлату миллати моро аз байн баранд.

     Аммо дар ҳамон давраҳо яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик Эмомалии Раҳмон ба вазифаи раиси шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таин карда шуд, ки ин марди оқил дар ҳамон давраҳои ҷанги бародаркуши, ки давлатамон дар айёми парокандаги қарор дошт ҷони худро дареғ надошта бар сари мардуми тоҷик сулҳу вахдат Истиқлолиятро ба мардуми тоҷик оварда расонид ва бо тариқи райпурси умумихалқи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

    Бо шарофати соҳибихтиёри давлати азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гумбасти камуникатсионӣ баромада дар байни давлатҳои ҷаҳони яке аз давлатҳои тарақикардаи дунё шинохта мешавад.

      Боиси ифтихор аст, ки имрӯз мо шаҳрвандони дар фазои сулҳу субот дар арафаи ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатамон қарор дорем.

    Дар баробари ин қайд кардан ба маврид аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои терорристи ва экстремисти ифротгарои ба ташвиш овардааст.

     Терорризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои амнияти милли ва давлатдори ҳар як мамлакат ва ба тамоми ҷавонони ҷомеа хатар эҷод мекунад. Айни замон гуруҳҳои терорристи бо ном « давлати Исломӣ » ҷавононро бо ҳар гуна роҳу усулҳо ба доми худ мекашад.

       Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо    таъкид намуданд, ки амалкардагони ин гурӯҳҳои ифротгарои ва дигар гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, ки бо номи «Ҷиҳод» анҷом дода мешавад ба ислом асло робитае надорад.

    Аммо онҳо дар натиҷаи амалётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро рехта ҳазорон нафарон кудаконро бесарпаноҳ намуда онҳоро ба ҳалокат мерасонанд.

     Аз ин лиҳоз мо чун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои тинҷу осудаи кишвари азизамон зиндагони дорем, аз як гиребон сар бароварда ҳама як ҷону тан баҳри ҳимояи марзу буми ватани азизамонро пос дорем, чун ки фазои кишварамон заҳролуд нагурдад.

     Ҳамчун фарзанди бо нангу номуси ватан ҷавононро дар руҳияи ватандусти худшиноси ва худогоҳи милли тарбия намуда ватани азизамонро ободу зебо гардонем.

      Мо ҳамеша ҷавонон бо суханони Пешвои миллатамон пайрави намуда терорризм ва экстремизмро шадидан маҳкум намуда инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.

 

Омузгор: Қурбонов Х.М

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.