Кормандони машваратӣ, ҳуқуқи ва равонии ноҳия соҳиби утоқи корӣ гаштанд

   Ба хотири пешгири намудани зуроварӣ дар оила ва аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ бо хабар шудани  оилаҳои ҷавон, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бо ташаббуси ташкилоти ГОПА утоқи кори барои кормандони машварати ҳуқуқи ва равонӣ занон, ки бо шароитҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда ба истифода дода шуд. Дар кушодашавӣ утоқи мазкур намояндагони ташкилоти ГОПА ва Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Дилафрӯз Шукрллозода, муовини раиси ноҳия иштирок намуданд.

   Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки барои пешгири намудани чунин амалҳо бояд бештар бо мардум ҳамкори зич намуд, зеро ҳастанд оилаҳои, ки дар байнашон зуроварӣ оилавӣ мавҷуд ҳасту аммо барои муроҷиат намудан ба масъулин аз шавҳарашон меҳаросанд. Баҳри пешгири намудани ин гуна амалҳо бояд масъулин усули хона ба хонаро бештар намуда аз ҳолу аҳволи мардум бештар огаҳи пайдо намоянд. ”, - қайд карданд. Ҳамчунин дар рафти ин чорабини Дилафрӯз Шукруллозода, барои дастгири ва чунин утоқи барҳавои корӣ изҳори миннатдорӣ намуда гуфт, ки мутаассифона дар байни ҷомеаи имрӯза зуроварӣ дар оила дида мешвад, ки ин боиси нигаронист.  Барои оила барпо намудани ҷавонон бояд аз ҳамаи ҷиҳат омода бошанд, зеро баъзе аз ҷавонон наврасон оиладор мешванду аз байн чанд муддате нагузашта якдигарнофаҳми ба вуҷуд омада, онҳо аз ҳам ҷудо мешванд”, - қайд карданд Дилафрӯз Шукруллозода.

   Шамсия Мирзоева,  корманди машварати ҳуқуқи ва равонӣ занон дар ноҳия қайд дошт, ки имрӯзҳо натанҳо занҳо ба онҳо муроҷиат мекунанд балки мардҳо низ ба онҳо арзу шикояти хатти ва шифоҳи мекунанд ва то ҳол аз тарафи сокинони ноҳия дар муддати 4 моҳ беш аз 57 арзу шикоятҳои мардумро қабул намуда, барои онҳо машварати ҳуқуқию иҷтимои расониданд. Ҳамзамон Шамсия Мирзоева, ёдовар шуд, ки   Зуровари дар оила ин кирдори зидиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдид, расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меоварад. Ҳамчунин дар боби 1, моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила, ки 19 марти соли 2013 таҳти №954 аз тарафи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба имзо расидааст.”, - қайд карданд Шамсия Мирзоева,  корманди машварати ҳуқуқи ва равонӣ занон дар ноҳия.

  Дар фарҷом кормандони ин ниҳод ваъда доданд, ки барои пешгири намудани зуровари дар оила ва расонидани кумакҳои равонию иҷтимои барои аҳоли ноҳия кору фаъолияташонро дар ин самт бештар хоҳанд кард.

 

       Аҳлиддини Муборакшоҳ

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.