
Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ба ин хотир, бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва моҳи шарифи Рамазон, санаи 22-уми майи соли 2019 намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва масъулини ташкилоти ибтидоии “Сомотология” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, ба айёдати як нафар ҷавон, маъюби гуруҳи якум Абдуллоева Нигина истиқоматкунандаи ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ кучаи Абдулло Файзулло рафтанд.
Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷавони маъюби гуруҳи якум Абдуллоева Нигина – ро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта таъкид доштанд, ки ҷавонон ҳамеша таҳти дастгирӣ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд.
Ҳамзамон аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Сомотология” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”ба ин ҷавон маводҳои хӯрокворӣ аз қабили орд, равған картошка ва ғайра кӯмак карда шуд.
ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён