
Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Гулистон»-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён доир гашт.
Зимни баромад масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки ҳизб ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.
Дар охир дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз тарафи аъзоёни ташкилоти номбурда ва ҷонибдорони ҲХДТ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ноҳия масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири як синфхона кӯмак карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия