28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи таърихиест, ки мардуми моро насиб гаштааст.

   Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебарем моро мебояд, ки бо рафтору одоби намунавии худ ба омӯзиши илмҳои муосир рӯ орем. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдат пешвои миллатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти хӯдшиносии миллиамон гардида, моро ба сӯйи созандагӣ такони ҷидди мебахшад.

   Мо бояд шукри сулҳу ободии Ватан намоему вақти қиматбаҳои худро ба манфиати миллат сарфа намоем.

   Ин мардуми хушиқболи мо 28 – сол мешавад, ки аз нӯрҳои хуршеди Истиқлол зиндагӣ мекунанд. Дар ин давраи барои таърих начандон дароз дар Ҷамоати мо низ корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба анҷом расонида шудаанд.

   Имрӯз симои деҳаҳо ба кӯллӣ тағйир ёфта, биноҳои зиёди дилрабо қомат рост намудаанд.

   Дар ин давра бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи №8, ва толори варзишӣ  сохта шуд. Инчунин биноҳо ва синфҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи № 37, 56, 65 сохта шуданд. Шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди Ҷамоат ба 11 – адад мебошад.

    Ҳамчунин бинои  маркази саломатӣ ва бинои беморхонаи №1 таъмири замонавӣ  шуда бо оби нӯшокӣ  таъмин шуд. Дар ҳудуди Ҷамоат Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.

   Сохтани мағозаю дӯконҳо, сартарошхонаҳо, нӯқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ бо суръат идома доранд.

 

 

 

Муалиф  Муовини раиси

Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»

 Ёров А

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.