
Дар доираи Нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён як қатор иншоотҳои ҷашни ба нақша гирифта шуда марҳила ба марҳила сохта ба истифода дода шуда истодаанд.
Бо мақсади рушди соҳаи варзиш дар маҳал аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Турсунов Идибек як адад майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи М.Горкии ҷамоати деҳоти Заргар сохта ба истифода дода шуд.
Дар кушодашавии иншооти мазкур раиси ноҳияи Қӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиидин иштирок намуда минатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба соҳибкорони маҳаллӣ расонида онҳоро бо Ифтихорнома қадрдонӣ намуд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ноҳияи Кӯшониён
Парвиз Азимов