
Тоҷикистон дар остонаи руйдоди муҳиме, ки дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. 9 сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як руйдоди муҳими сарнавишсоз ба вуқуъ пайваст, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Дар ин рӯзи фархунда чархаи дуюми яке аз иншооти муҳиму бузурги аср неругоҳи барқи обии Роғун ба кор дароварда шуд.
Се сол муқадам, 29 октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо идора кардани техникаи вазнин-булдозер дар зарфи якуним соат бо сангу шағал маҷрои рӯди Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.
Пешвои миллат дар ин маросим таъкид карданд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хидмат мерасонад. Он барои рушди иктисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фарҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.
Таъмини аҳолии кишвар бо неруи барқ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардидан ба Истиклолияти энергетики буда, соли 2016 маҳдудияти неруи барқ дар мамалакат аз байн бардошта шуд. Инчунин дар стратегияи миллии рудши Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2003 зиёд намудани истеҳсоли неруи барқ ба нақша гирифта шудаст, ки тибқи он соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 5 милион неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Ин омор дар қиёс ба соли 2015 се маротиба зиёд аст.
Дар маҷмӯъ бунёди НБО «Роғун» барои Тоҷикстон ва кишварҳои минтақа хеле муҳим ва дорои аҳамияти бузург буда, чархаи нахустини ин иншооти бузурги аср мохи ноябри соли равон, агрегати дуюмаш моҳи ноябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Дар ин росто кишварҳои минтақа сохтмони ин иншооти муҳимро ҷонибдорӣ намуданд, зеро дар оянда аз он баҳра мебинанд. Бо сохтмони НБО «Роғун» об захира гардида, барои обёрии бахши кишоварзӣ , танзими об ва таъминоти неруи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус ҳамсоякишвархо ва рушди иқтисоди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши калидӣ мебозад. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ин иншооти стратегӣ-НБО «Роғун» ҷабҳаи созандагӣ ба хотири ободи ва фардои дурахшони Тоҷикистон арзёби намуданд.
Фаъолият ва заҳматҳои шабонарӯзи дар ин иншооти бузург барои ҳар фарди Ватандӯст, коргарон, мутахассисону муҳандисон мояи ифтихору шараф аст, зеро онҳо дар иншооте кор мекунанд, ки сарнавишту рушди миллату давлат ба он тавъам аст.
Мудири бахши бойгонии макомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Ш.Ҷумаева