Рӯзи 31 октябри соли равон, бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯъи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории миллӣ» баргузор гардид. Дар кори Конференсия, Зебо Шерализода, судяи суди ноҳияи Кӯшониён, К.Нурмаҳмазода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, А.Амирзода, ёрдамчии прокурори ноҳия, Н.Чиллазода, ёрдамчии прокурори ноҳия, М.Абдусаломзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, Б.Изатуллозода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд. Дар оғози Конференсия аз тарафи хонандагони муассисаи таълимии рақами 14, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси баланд қироат карда шуд.
Сипас А.Амирзода, ёрдамчии прокурори ноҳия, Зебо Шерализода, судяи суди ноҳия, М.Абдусаломзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва якчанд омӯзгорони ноҳия бо маърӯзаҳои хеш баромад намуда, оид ба нақши Конститутсия дар раванди сохти давлатдорӣ, зарурати ворид гаштани тағйиротҳо ба Конститутсия бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ва дигар паҳлуҳои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз суханронӣ намуданд. қайд карда шуд, ки саҳми ин санади тақдирсоз дар рушду нумуи давлат арзанда мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз беҳтарин Конститутсия дониста шудааст. Дар фарҷоми чорабинӣ, аз тарафи хонандагони муассисаи таълимии рақами 14, шеъру сурудҳои ватанпарварона пешкаши ҳозирин карда шуда, шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ва осмони софи Ватани маҳбубамон карда шуд.
«Кӯшониён»