
Санаи 17 декабри соли равон, дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии раиси Шӯро Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар кори Шӯро тамоми аъзоён, инчунин намояндаи Маркази наркологии вилоят иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи Шӯро, сараввал ҳисоботи солонаи кори Шӯро аз тарафи котиби Шӯро пешкаши ҳозирин карда шуд. Қайд гардид, ки дар соли 2019-ум, дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №1409 «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» як қатор чорабиниҳои оммавӣ, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳо баргузор гардидаанд.
Аз рӯи рӯзномаи Шӯро инчунин якчанд нафар баромад намуда, оид ба фаъолияти хеш, ҳамчун аъзои Шӯроро ҳисобот доданд. Дар фарҷоми ҷаласа ба раиси Шӯро, аъзоён ва якчанд нафар кормандони фаъол, барои фаъолияти пурсаммар сипосномаи Маркази наркологии вилоят супорида шуд. Сипас ба тамоми аъзоёни Шӯро, лоиҳаи нақшаи корӣ барои соли 2020-ум пешниҳод карда шуда, бо тағйироту иловаҳо тасдиқ гардид.
Аксҳо аз рафти Шӯро:
«Кӯшониён»