
Бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалисозии Нақша-чорабиниҳои Амалиёти (аксияи) ҳизбӣ “Якҷоя месозем!” ва баланд бардоштани сатҳи дониши (иттилоотнокии) кормандони ҳизбӣ ва фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, вобаста ба татбиқи ҳадафҳои стратегии Барномаи ҲХДТ барои давраи то соли 2025, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Кӯшонён бо ҳайати кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, фаъолони ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва раисони ҷамоатҳои ноҳия, Семинар–машварати дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳамзамон Миралиён Қиёмиддин оид ба масъалаҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Коронавирус, риояи гигиенаи шахсӣ, самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзӣ суханронӣ намуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён саволу ҷавоб оид ба масълаҳои дар боло зикр гардида ба миён омад. Иштирокчиёни чорабинӣ аз Семинар- машварат таасуроти хуб гирифта, азм доштанд, ки дар амалишавии ҳадафу Барномаи ҲХДТ саҳми худро гузоранд.