Албатта масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аз мавзуъҳои муҳими ҷомеа ба шумор рафта, мебоист чанд сол пеш ба ин масъала рӯ меовардем, зеро дар солҳои охир на танҳо дар кишвари мо балки дар тамоми дунё сафи ҷавонону наврасоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, афзуда истодааст Агар кӯдакони имрӯзаро бо насли гузашта муқоиса намоӣ, тафовут аз замин то осмон аст. Аввалан, ин ки замона дигар шудааст, сохти иҷтимоӣ куллан тағйир ёфта, ҷавонону наврасон бештар ба соҳаи техника рӯ овардаанд. Агар дар замони гузашта, барои тарбияи насли ҷавон китобҳои бадеӣ ва осори классиконро истифода бурда, ҳатто ҷавонон дар хониши китоб байни ҳам мусобиқаҳо ташкил мекарданд, мутаассифона дар ҷомеаи кунунӣ китоб моҳияти худро гум карда насли наврас дар тамошои филмҳои даҳшатовару куштор ва дорои фаҳш, ки баръакс ба онҳо зиёновараст, мусобиқа мекунанд. Дуруст аст, ки мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо муаллимон пурра таъмин нестанд ва шогирдони мактабҳо дониши лозимаро аз бар карда наметавонанд, вале баъзе волидони низ, тарбиятро пурра бар дӯши мактабҳо гузошта, дар бетарбиягӣ ва бесаводии фарзандонашон омӯзгоронро гунаҳкор медонанд. Дар натиҷа, дар кӯчаву бозорҳо сафи чунин насли навраси «озод» зиёд, гардида, ба ҳама гуна кирдорҳои ношоям даст мезананд. Баъзе волидайн надоштани маблағи муайянеро баҳона карда, фарзандонашонро аз мактаб гирифта, дар назди муллоҳои чалласавод ба шогирдӣ мегузоранд. Аксарияти онҳо саводи қазоии диниро низ наомӯхта, балки ба ҳаргуна равияву ҳаракатҳои ифротгаро мепайванданд. Хуб шуд, ки барои чунин волидайн чанд қабл ду филми мустанад бо номҳои «Масири гумроҳон» ва «Доми фиреб» тавассути оинаи нилгун намоиш дода шуд, ки баъди он падару модарони фиребхӯрда пайи бозгардонидани фарзандонашон кӯшиданд. Албатта, ки мехоҳад, ки фарзандаш авобошу роҳзан, террористу қотил бошад? Бигузор падару модарон бепулии худро баҳона накарда, балки мактабу муаллимони фарзандонашонро дасгирӣ кунанду якҷоя бо таълиму тарбияи дуруст насли наврасро ба воя расонанд. Дар хусуси нодорӣ сухан ронда, боз рӯ меорем ба панди хирадмандонаи Кайковус: «Фарзанди мардумони хосаро беҳ аз ҳунару адабу фарҳанг нест ва фарзандони оммаро мерос беҳ аз пеша нест, ҳарчанд пеша на кори кӯдакони муҳташамон аст, ҳунар дигар асту пеша дигар». Бузургони зиёде аз олами нодорӣ ба воя расида, барои Ватану миллати хеш хизмат намуда, номашонро дар таърих ба ёдгор гузоштаанд. Шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода, ки номаш дар Осиёву Африқо чун қосиди сулҳ машҳур гашта буд, бо омӯхтану илм андухтан аз фақру фоқа то дараҷаи устодӣ расида буд. Бале, имрӯзҳо пеш бурдани зиндагӣ мушкил аст, шояд баъзеи онҳо «сардор»-и оила ҳам бошанд, вале бо ин баҳона аз таҳсил гурехтан- ин гуноҳи нобахшиданист. Он шуғле, ки наврасон имрӯз дар бозорҳо пешаи худ қарор доданд, касб набуда, оянда ҳам надоранд. Дар замони Шӯравӣ мактабҳои шабона роиҷ буданд ва нафароне,ки рӯзона ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мешуданд, ҳатман шабона таҳсили худро идома медоданд. Модоме, ки шарту шароити зиндагӣ тақозо мекунад, шояд Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин бора низ иқдом варзад? Шояд баъди қабул гардидани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайн дар тарбияи наврасон муносибати ҷиддитарро касб кунанду минбаъд ба ин масъала на яктарафа, балки ҳар кадом сидқан саҳми босазои худро гузоранд.
Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи
кӯдаки ноҳияи Кӯшониён
Шарипова Ш.