Вокуниш ба андешаҳои ифротгароёни ТЭТ ҲН ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ

     Сулҳу субот, оромии давлату миллат боиси пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон ба ҳисоб рафта, ҳамчунин боиси боло рафтани иқтисоди миллӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардуми шарафманди тоҷик гардида истодааст. Имрӯзҳо кишвари азизи мо қадам ба қадам ба сӯи ҳадафи 4-уми миллии худ яъне саноатикунонии босуръати кишвар наздик шуда истодааст. Дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ватанамон пешравиҳои назаррасе дида мешавад. Ва ин ҳама пеш аз ҳама саодати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақша мегирад. Асри 21, асри рушди техникаву технологияҳои муосир мебошад, яке аз дастовардҳои базурги замони мо ин дастрас будани интернет ба аҳолӣ мебошад, ки ин яке аз воситаҳои беҳтарини ахборрасонӣ ба ҳисоб меравад. Вале мутаасифона вақтҳои охир тавассути ин шабакаҳои ҷаҳонӣ ҳуҷуми иттилоотӣ-мафкуравии як зумра бадхоҳони миллати тоҷик, ки имрӯзҳо дар кишварҳои аврупо ба сар мебаранд, фазои иттилоотӣ кишварамонро ғуборолуд намудани ҳастанд. Аъзоёни ТЭТ ҲН бо роҳбарии собиқ раиси ҲН Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд, ки ҳар роҳу восита ба давлату миллат тавқин зананд. Бо роҳи пахшу нашр кардани маводҳои ғаразнок роҳбарият ва аъзоёни ТЭТ ҲН мехоҳанд ороми ва сулҳу суботи кишвари азизамонро халалдор намоянд. Вале мутмаин бошед бо ҳеҷ ягон васила шумо бо мақсадҳои нопоки худ нахоҳед расид, зеро халқи шарафманди тоҷик як маротиба аз имтиҳони талхи таърих гузаштааст. Воқеаҳои солҳои 90-уми асри 20 гувоҳи гуфтаҳои болоист. Онҳо бо ин рафтору кирдорашон мехоҳанд исбот намоянд, ки воқеан ҳам дӯстдори ватан ва миллат мебошанд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми сарбаландӣ мо фирефтаи фиребу найранги ин ифротгароён намешаванд ва ба ҳар сухани печи онҳо бовар намекунанд. Сарвари давлат борҳо дар баромадҳояш қайд карданд, ки «Терорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад» умедворем, ки ни беватанон ҳеҷ гоҳ ба ниятҳои ғаразноки худ намерасанд.

Ба Қавли шоир :

Дар бе ватани агарчи сад ҷон биканӣ,

Гар бе ватани лаҳату бе кафанӣ.

     Мо аҳли коллективи омӯзгорони М.Т.М.У.№11 амалҳои ифротгароёнаи ТЭТ ҲН–ро шадидан маҳкум намуда, аз ҳамагон даъват ба амал меорем, ки ба гуфтаҳо ва фиребу найрангҳои ин хоинони миллат гӯш надиҳанд. Мардуми мо асло намехоҳад, ки воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум такрор шавад. Мо пайравони асили Пешвои миллат мебошем ва ҷонибдори сулҳу субот ва сарҷамъии мардуми тоҷик, рӯзгори хушу бофароғати миллатамон ҳастем.

Колективи М.Т.М.У.№11-и ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.