
«Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохторӣ обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст».
Аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз, бо мақсади шиносоӣ ва омодагии техникаи кишоварзӣ ба кишти баҳорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия, бо иштироки, Амирбеки Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, дигар шахсони масъул ва бо иштироки роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва механизаторон, семинар-машварат оид ба омодагии техникаи кишоварзӣ доир гардид. Дар намоишгоҳи нақлиёти кишоварзӣ зиёда аз 150 адад техникаи гуногуни кишоварзӣ муаррифӣ гардида, ҳамзамон аз тарафи кишоварзони ноҳия тухмии босифати пахта пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Дар суханронии худ раиси ноҳия аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки тамоми кишоварзони ноҳия омодагии хешро ба кишти баҳорӣ ҷиддӣ ба роҳ монда, техникаи кишоварзиро омода намоянд. Дар фарҷоми ҷамъомад ба як қатор механизаторони пешқадам Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён