
Имрӯз, бахшида ба ҷашнӣ “Рӯзи модар”, дар маркази ноҳия бо иштироки Салимзода Амонулло, муовини аввали раиси вилоят, роҳбарияти ноҳия ва модарону бонувони гиромӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои нонии миллӣ шинос гашта, сипас ба толори Кохи фарҳангӣ ноҳия ворид гардиданд. Дар ҷамъомади тантанавӣ сараввал Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия бо сухани табрикотӣ баромад намуда, тамоми модарон ва бонувони гиромиқадро бо рӯзи фархунда табрик намуда, қайд карданд, ки аслу ҷавҳари «Рӯзи Модар»-ро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Модар он чашмаи хурушонест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст ва агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонаводаи мо мебошад. Зан-Модар тоҷи офариниш аст. Баъд аз сухани табрикотии раиси ноҳия, ба як қатор бонувони азизи ташкилоту идораҳои ноҳия туҳфаҳои арзишманд, Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ба ғолибони мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳия”, байни бонувон Ифтихорнома ва мукофотҳои раиси ноҳия супорида шуд. Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ гулчини шеъру суруд, дар васфи Модар аз тарафи фарҳангчиён пешкаши ҳозирин гардид.
Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён