ВОКУНИШ: Имрӯзҳо тариқи телевизионҳои моҳворагӣ ва шабакаҳои интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ ронда шудани Иззат Амон, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандии Русияро соҳиб гардида будааст, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Федератсияи Россия ронда шуда, сару садоҳоро байни муҳоҷирони меҳнатӣ барангехтааст. Баъзе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки берун аз Ватан дар оғуши хоҷагонашон кор ва фаъолият менамоянд, аз боздошти як қаллоб ҳангомаҳо сохта, ронда шудан ва боздошти онро ба худ як мусибате донистаанд. Албатта барои як гурӯҳе оммафиреб, бадхоҳ, боздошти як қаллоб, ки бо сӯйистифода аз боварии як қатор муҳоҷирон маблағҳои онҳоро аз худ кардааст, шояд мусибат ва ҳангома бошад. Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал карданӣ мешаванд, ин тоифаи нотавонбин. Имрӯзҳо вазъи ноорому бесуботи ҷаҳони муосир, ки боиси нигаронии аҳли башар гардидааст, аз доираҳои манфиатҷӯву таҳрибкориҳои гурӯҳҳои террористӣ- экстремистӣ мебошад, ки бо ҳар роҳу воситаҳо мехоҳанд кишварҳои рушдёфтаро халалдор созанд ва дар ин ниятҳои нопокашон баъзе аз ҷавонони ноогоҳу роҳгумзадаро истифода мебаранд.
Вале набояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш кард, ки ягон қаллоб наметавонад, ки дар фикри беҳбудии дигарон бошад, зеро барои онҳо танҳо манфиати шахсии худ аз ҳама боло меистад. Ронда шудани Иззат Амон ва ҳазорон нафаре, ки қонуни як кишварро риоя намекунанд, наметавонад гуноҳи як мақомоти Тоҷикистон ва роҳбари он бошад, зеро маълум аст, ки ҳар як нафаре қонунро риоя намекунанд ё қаллобӣ менамоянд, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Дар ин замина шахсоне, ки аз Иззат Амон дифоъ менамоянд, бояд аз шахсияти ӯ ва кору фаъолияти ӯ хуб огоҳӣ дошта бошанд. Махсусан муҳоҷирони меҳнатиро месазад, ки ҳушёру зиррак бошанд, ба ҳар ҳаводисе, ки рух медиҳад воқеъбинона назар афкананд ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд, ки давлат ягона пуштибон ва ғамхори онҳост. Сулҳи тоҷикон муфту осон ба даст наомадааст ва аз ин рӯ ҳамагон бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то парчами сулҳамон ҷовидону ҷилвагар бимонад.
Олимова Шаҳло Нуридиновна, мушовири фанни забон ва адабиёти тоҷик дар шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён