
ВОКУНИШ: Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ баҳс дар мавзӯи қазияи боздошти Иззат Амон рафта истодааст. Вобаста ба ин мавзӯъ муҳоҷирони меҳнатӣ, ба қавли дигар ҷавонони ноогоҳу камсавод сару садоҳо бардошта истодаанд. Дар куҷое як хоину дузду каллоб аст, маълум мешавад, ки як зумраи боқимондаҳои узви ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом мебошад. Ин хоинон дар мушхонаҳои Аврупо паноҳ бурда, ба хотири хиёнат ба Ватан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фазосози машғуланд. Ин пастфитратон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки аз худ каҳрамон сохта, Ҳукуматро гунаҳгор созанд. Оё Иззат Амон аз ҳадафи фитнагароне, ки имрӯзҳо ӯро пуштибони карда истодаанд хабардор ҳаст ё не? Ба воқеият назар андозем Иззат Амон кист? Қаллобе, ки бо роҳи ғайриконуни шаҳрвандии Россияро гирифта, аз шиносномаи он ҷо истифода карда, дар онҷо ба қавли худ Иттиҳоди ҷавонони тоҷикро ташкил намуда, аз муҳоҷироне, ки бо машаккати зиёд маблағ ба даст меоранд, ба боварии онҳо даромада, пули муфт ба даст оварда, зиндагиашро бо роҳи фиреби ҳамватанон пеш мебурдааст. Аз корҳои қаллобии Иззат Амон Ҳукумати Россия хабардор гардида, шиносномаи ӯро беэътибор дониста, ин пастфитрати муфтхурро аз кишварашон пеш карданд. Ин ношукри носипосро боз хоки ин сарзамини аҷдоди бардошт. Иззат Амон бояд дар назди қонун барои маблағҳои бо роҳи фиребу қаллоби ба даст овардааш дар назди қонун ҷавоб диҳад. Иззат Амон маълум намуд, ки танҳо як қаллоби одди нест, ҳамагон эҳтимол менамоянд, ки ӯ пайраву ҳаводори ҳизби террористии наҳзати ислом ва ё ҳаммаслакони дигар хоинон мебошад. Мо ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сокиноне, ки ханӯз аз фитнаҳои нопоки гурӯҳи террористии ҳизби наҳзати ислом хабардор нестанд ва ҷавононе, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна сару садоҳо, фитнаву иғвоҳои хоинон фирефта шудаанд, даъват ба амал меорам, ки ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Зеро ҷавонон ояндаи давлат ва номбардорони миллатанд.
Ш.Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён