ОҲИ МАРДУМ ОҚИБАТ КУРАТ КУНАД!

      ВОКУНИШ: Имрӯзҳо саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ аз овозаҳои боздошти Иззат Амон лабрез шудаанд. Маҳкумкунии фаъолияти кори Иззат Амон, қаллобиаш аз тарафи ҳам мулло, ҳам коргар ва ҳам журналистони рус дар шабакаҳо ҷой гирифтаанд. Ин вокунишҳо нисбати рафтору амали «ғамхорӣ» муҳоҷирони меҳнатии дар Москва будаи тоҷик, ки ба фиреби ин қаллоби гузаро афтидаанд, дуруст мебошанд. Иззат Амон худро дар он баландие мегузорад, ки гӯё ӯ танҳо худаш ба муҳоҷирони Тоҷикистони кӯмак карда метавонистааст. Гӯё ба ҷои ҳама дар Москва ба муҳоҷирон кумак мерасонида бошад. Вале дар асл ин тавр набудааст. Ӯ аз муҳоҷирон бо роҳи фиреб, ки онро қаллобӣ меноманд маблағ руёнида, қиссаи муҳоҷиронро хароб ва қиссаи худро фарбеҳ мекунонидааст. Ҳамин хел «ёрдам»-и Амон ба муҳоҷирон мақоли «харҷ аз киссаи меҳмон бувад, Ҳотами Той шудан осон бувад» мемонад. Ин тарзи кор ғоратгарии «дипломатии» раиси тоҷикони шаҳри Москва Амон асту халос. Тоҷик шуда, дар ҳаққи як тоҷике, ки барои гузаронидани рӯзи падару модар, фарзандон дар шаҳрҳои бегонаи Руссия овораанд, чунин қадр менамои гуноҳест нобахшиданӣ. Ҳол он, ки ту даъвои онро мекунӣ, ки пушту паноҳи тоҷикон дар Руссия мебоши. Ку ҳақиқати амалат нисбати муҳоҷирон. Аз гуфтаҳои шахсоне, ки туро мешиносанд гувоҳи он аст, ки дар гузашта он қадар шахси ростқавл набудаи, балки дасисабози кору кирдорат будааст.

      Ту даъво мекунӣ, ки дар Тоҷикистон кор нест. Қариб ҳар рӯз корхонае ба истифода супурда мешавад ва коргаронро ба оғӯши худ мегирад. Иззат Амон ва ту баринҳо ба пешрафти имрӯзаю баъдинаи Тоҷикистон бо оинаи каҷи душманон нигоҳ мекунед. Бо чашми сар дидаем, ки чандин одамони муқобили халқу миллат бархеста, забуну сарнагун шуданд. Нону намаки Ватан шахси бадандешро мезанад. Ягон маротиба Иззат Амон фикр накардааст, ки даст ба кисаи бечора андохтан корест нобахшиданӣ ва оҳи камбағали ҷигарсӯз ахиран мегирад. Маҳз ҳамин хоинон бо ҳамин гуна шеваҳои мубориза солҳои навадум дар кишвар таблиғоти идеологии барои мардуми мо бегонаро ҷорӣ кардаву сохти Конститутсиониро барҳам дода миёни мардум низоъ андохтаву оташи ҷанги шаҳрвандиро аланга додаанд. Хушбахтона, Шукронаи Эзиди пок ба ҳадафҳои ниҳоии нопокашон нарасидаву ноком шуданд.  Шукрона, ки имрӯз аксарияти халқи Тоҷикистони азиз аз ниятҳои бади хоинону мазҳабфурӯшон Кабирию Муҳаммадиқбол ва дигар пайравони ТТЭ ҲНИ бархӯрдор ҳастанду онҳоро маҳкум менамоянд. Боварию эътимоди баланд дорем, ки халқ чунон тифоқанд, ки на дастгирии созмонҳои Аврупоӣ фоида мекунаду на маблағҳои охундҳои шиамазҳаб гирифтаашон. Ин хоинон ва пайравони онҳоро танҳо як роҳ интизор аст, ҷавобгари дар назди мардум ва қонун.

Душман хост, ки канад решаи мо,

Вале надонист, ки Худост дар андешаи мо…

Ш.Азамзода, мудири бахши бойгонии

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.