КӮШОНИЁН: Баргузории “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”, дар МТМУ №5 ноҳия

Имрӯз, дар асоси қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 7 апрели соли 2021, №308, фармоиши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон аз 25 майи соли 2021 №33, дар МТМУ №5-и ноҳия чорабинии “Рӯзи мудофиаи гражданӣ”-и намунавӣ бо ҷалби сардорони мудофиаи граждании хадамотҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, оташнишонӣ, тиббӣ ва сардорони мудофиаи граждании бахши ҷавонон ва варзиш, инчунин рӯзномаи ноҳиявӣ, роҳбарону омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия, мудирони муассисаҳои томактабӣ, омӯзгорон ва хонандагони МТМУ №5 гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ ин пеш аз ҳама пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода аз тарафи омӯзгорону хонандагон мебошад. Дар чорабинии мазкур ҳайати шахсии МТМУ №5 иштироки фаъолона намуданд ва аз тарафи нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании муассиса аз рӯи таъинот ва тартиби муқарраргардида аз рӯи вазифаҳои худ амал намуда, фаъолияти худро нишон доданд. Инчунин аз тарафи Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳия иштирокчиёни фаъоли машқ бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Қайд бояд намуд, ки баҳри баланд бардоштани донишу малакаи омӯзгорон, хонандагон ва такмили мустақилона амал намудан дар ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода чунин чорабиниҳо тибқи нақша чорабиниҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида мешаванд.

2_80.jpg 3_89.jpg 4_62.jpg 5_55.jpg 6_49.jpg 7_44.jpg 8_41.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.