МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН, ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

     Кӯшониён: ҲАМАИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯ РУШД КАРДА ИСТОДААНД

  Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён таҳти Раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия, Лутфуллоев Сайфулло, муовини сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва имомхатибони муассисаҳои динии ноҳия, маҷлиси ҷамъбастӣ натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар 3 моҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа, сараввал ҳисоботҳои муовини якум ва муовинони раиси ноҳия шунида шуд. С.Аҳлидинзода, муовини якуми раиси ноҳия сарпарасти соҳаи кишоварзии ноҳия дар ҳисоботи худ қайд намуданд, ки кишоварзони бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия мувофиқи дурнамо бояд барои ҳосили соли 2021-ум аз оғози тирамоҳи соли сипаригашта, дар майдони 15758 гектар кишти зироатҳо, аз ҷумла 11320 гектар пахта, 1198,5 гектар гандум, 30 гектар ҷав, ҷуворимакаи дон 171 гектар, сабзавот 1183,6 гектар, аз он 230 гектар пиёз, 230 гектар бодаринг, 507 гектар помидор ва дигар сабзавотҳо, 453 гектар картошка, 106 гектар полезиҳо ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт намудаанд ва ҳоло кишти пахта бо маром идома дорад. Кишоварзони ноҳия, дар семоҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ 566 тонна сабзавот истеҳсол намудаанд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,7 тонна сабзавот зиёд мебошад. Вобаста соҳаи иқтисод ва саноати ноҳия А.Иброҳимзода, муовини раиси ноҳия ҳисобот дода қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботи, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 104 миллиону 989 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки аз ин маҳсулоти саноатӣ 50 миллиону 267 ҳазору 500 сомонӣ ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли 2021 ба буҷети маҳаллӣ 11 милиону 848 ҳазору 909 сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 80 ҳазору 729 сомонӣ зиёд буда, 100,7 фоизро ташкил медиҳад ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта 335 ҳазору 40 сомонӣ зиёд мебошад. Сафарзода Шариф, муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳаи сохтмон, коммуналӣ ва энергетика дар ҳисоботи ҷамъбастии худ қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботи сохтмончиёни ноҳия аз ҳисоби тамоми манбаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 99 миллиону 855 ҳазору сомонӣ корҳои сохтмони баанҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта маблағи 89 миллиону 208 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, АП-1059 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 337 адад иншоотҳои хурду калони иҷтимоию саноатӣ, фарҳанги фароғатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба ҳолати 1 апрели соли равон 281 адади он ба истифода дода шудааст. Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ, дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки ҷиҳати шарҳи Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, тантанаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 147 вохӯриву ҷамъомадҳо, кор дар деҳаҳо ва ҳамоишҳои кушоди оммавӣ гузаронида шудааст. Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси ноҳия медали аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъиятӣ тантанавӣ супорида шуд. Ҳамзамон бо мақсади ҳавасмандӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони ватандӯст, чиҳати саҳм гузоштан дар ободонии ноҳия бо Сипосномаҳои ва туҳфаҳои арзишманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз карда шуданд.

2_81.jpg 3_90.jpg 4_63.jpg 5_56.jpg 6_50.jpg 8_42.jpg 9_31.jpg 12_42.jpg 13_35.jpg 14_23.jpg 15_22.jpg 16_17.jpg 17_12.jpg 18_9.jpg 19_9.jpg 20_7.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.