Муқовимати “Толибон” бар зидди фаъолияти занон

      АНДЕША: Буҳрони сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон беш аз чор даҳа идома дошта, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмуи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятии минтақа пайванд гардидаааст. Бахусус пас аз солҳои навадуми асри XX танзими вазъи Афғонистон ба як муаммо табдил ёфтааст. Дар мавриди дурнамои вазъи Афғонистон коршиносони соҳаҳои гуногун пажуишҳои зиёде анҷом додаанд. Бояд гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба нуқтаҳои зикргардида моҳияти масъалаи Афғонистонро ба таври зайл шарҳу тавзеҳ, медиҳем. Равандҳои шаклгирифтаи вақтҳои охир дар Афғонистон ва шикасти норавшани неруҳои муқовимат дар мисол баёнгари он аст, ки минтақа бори дигар мавриди таваҷҷуҳи хоси қудратҳои минтақавӣ қарор гирифтааст. Вазъи кунунии Афғонистон бо ду хусусияти хос аз ду даҳаи навадум фарқ мекунад. Аввалин дар нимаи дуюми солҳои навадум, ки ҷунбиши “Толибон” Кобулро ишғол карда, мехостанд бо роҳи зур сиёсатҳояшонро дар ҷомеа татбиқ намоянд. Сониян бори дигар мутаассифона ба онҳо муяссар шуд, ки Афғонистонро тасарруф намоянд. Баъди соли 2001 қазияи Афғонистон аҳамияти бузурги ҷаҳониро ба худ касб кард. Толибон дар асл ҳамон гурӯҳи ифротии даҳаи 90-ум буда, дар зеҳн ва дидгоҳи онҳо ҳеҷ тағйире сурат нагирифтааст. Роҳбарони гурӯҳи “Толибон” то ҳанӯз ҳасосиятҳои дохилию байналмилалӣ ва оқибатҳои мудохилаи хориҷиро дар Афғонистон дарк накардаанд. Даргириҳо шадидтар шуда, кишвар ба ҷониби сарнавишти номаълум хоҳад рафт. Натиҷаи ин буҳрон Афғонистонро ба хатар андохта, вобастагии онро ба кудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бештар мегардонад. Бояд тазаккур дод, ки мавзуи Афғонистон бо гиреҳҳои гуногунии сиёсиву иқтисодӣ ва амният натанҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки ба ҷаҳони муосир пайваст намуда, мумкин аст, ки мушкилиҳои зиёдеро биёрад. Тибқи мушоҳидаҳо айни замон ҷангҷӯёни ғайрипаштуни гурӯҳи толибон танҳо нақши ҷангиданро иҷро мекунанд. Чунин вазъият сохтори гурӯҳи “Толибон”-ро ба хатари парокандагӣ оварда мерасонанд. Бинобар ин эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки сарнавишти ин гурӯҳ монанди дигар гурӯҳҳои ҷиҳоди Афғонистон мегардад. Нуқтаи аз ҳама муҳимтарин он аст, ки дар сурати маҳдуд кардани фаъолияти занон аз ҷониби гурӯҳи “Толибон” муқовимати Бонувон бар зидди онҳо тақвият хоҳад ёфт. Пайвастани бонувони фаъоли Афғонистон дар ҷанг паёмадҳои манфӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва фарҳанги Афғонистон чунин муносибат боиси беэътибор гаштани онҳо мегардад. Эътирози бонувони aфғон дар баробари “Толибон” боиси дастгирӣ ва пуштибониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт. Занони Афғонистон иброз доштанд, ки “Толибон” пас аз ба даст овардани ҳукумат вазифадоранд, ки сулҳу суботро дар Ватан пойдор намуда, ба толибилмон ва донишҷӯён имконияти хуб фароҳам оварда, барои давоми таҳсил намудани онҳо монеаҳоро ба роҳ намонанд. Тули чанд моҳ аст, ки фаъолияти бонкҳо қатъ гардида, зиндагии мардуми Афғонистон дар ҳолати паст қарор дошта, кумакҳои давлатҳои ҳамсоя барои мардуми ранҷкашидаю бесарпаноҳ дар вазъияти буҳрони сиёсию иқтисодии Афғонистон идома хоҳад ёфт. “Толибон” барои фаъолияти занон дар ҳукумат чораҷӯи намуда, дар муддати кӯтоҳ занонро ба вазифаҳои ишғолкардаашон барқарор хоҳанд кард. 

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-и ноҳияи Кӯшониён Сайдалиева Сафаргул

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.