Қобили қайд аст, ки омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ҳолатҳои фавқулодда шахс эмин нест, бинобар ин бо истифода аз қувваҳои якҷоя бояд омода карда шаванд. Аз ҳама яроқи оддитарин дар омодагӣ ин омӯзиш ба ҳисоб меравад. Бояд табақаҳои аҳолӣ сар карда аз ҳайати роҳбарикунанда то дигар табақаҳои поёнии ҷамъият дар соҳаи мудофиаи гражданӣ омӯзонида шаванд.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, кабутизоркунӣ ва чароғонкунии кӯчаю маҳаллаҳо, рӯзи 15 январи соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, вохӯрии навбатии Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён бо сокинони кӯчаи марказии шаҳраки И.Сомонӣ ва деҳаҳои Хурсандӣ 1 ва Хурсандӣ 2-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор гардид.
Бо маќсади амалисозии сиёсати хирадмандонаи Президенти Љумҳурии Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат муҳтарам
Баррасии мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси олии мамлакат, дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Кӯшониён.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, санаи 13 январи соли равон, дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, вохӯрии гурӯҳӣ корӣ бо роҳбарии Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, раиси Комиссияи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, аъзоёни комиссия ва кормандони ҷамоат бо хонандагони синфҳои 11-ум баргузор гардид.
Ҳафтаи сипаригардидаи соли равон, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, вохӯрии Қосимзода Идигул, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён бо занони имконияташон маҳдуд ва эҳтиёҷманд баргузор гардид.
Ҳафтаи сипаригардидаи соли равон, дар Донишгоҳи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар кори Конференсия Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва Ҷ.Балхӣ, намояндагони комиссияи ҳавзаи интихоботии «Кӯшониён-27», аъзоёни ҳизб, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.