АНДЕША:Аз ободиву хуррамӣ, созандагию бунёдкориҳо занону модарон дилпурона ҳарф мезанем, ки пойдевори асосии ин ҳама пешравиҳо Истиқлолияти давлатист.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳашт соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд».
Суолест, тули чанд моҳи охир мавриди пешгуи ва баҳси коршиносони масоили сиесӣ, сӯҳбати сари мизии фаъолони ҷаҳон ва муҳокимаи кулли шаҳрвандон гардидааст. Хатари доман паҳн кардани фаъолият ва амалиётҳои ғайриинсонии чунбиши толибон сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Чунбиши толибон бо роҳи зулм, истибдод, қатл ва ангехтани тарсу ваҳм кишварро соҳиби карданд.
Устодони гиромӣ!
Хонандагони азиз!
Вокуниш: Воқеаҳои Афғонистон имрӯзҳо дар саросари олам расонаӣ гардида, мавриди баҳсу нигарониҳо гаштааст. Мардуми Афғонистони ҳамсоя беш аз 40-сол аст, ки аз фазои ноором, хунрезиву террерҳои ғайричашмдошт ва низоъҳои мусаллаҳона азият мекашанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда воқеаҳои охирин, ки ҳаракати радикалии Толибон дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд ва барои бунёди давлати исломӣ омодагӣ мебинанд, вазъияти сиёсӣ бозҳам печидатар гардидааст.
АНДЕША: Тоҷикистони азизи мо си сол боз дар зери осмони соф ва бе садои тиру туфанг пеш рафта, рушд меёбад. Мардумаш аз паи ободиию созандагӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки сол аз сол кишварамон ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад. Ба ҳар як шаҳрванд айён аст, ки бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар иншоотҳои бузургу пуриқтидор, роҳҳои васею мунфарши аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналхалқидошта ба истифода дода шудаанд.
Истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем. Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.