Санаи 4 сентябри соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии Шодиён Муҳаммад Султонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия доир гардид. Ташрифи меҳмони гиромиро раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин хайрамақдам гуфта иброз намуданд, ки тибқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои вакилон бо фаъолон ва аҳли ҷамоматчигӣ баргузор мегарданд.
ВОКУНИШ: Дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)- собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ, бо баробари Тоҷикистон, инчунин. Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон низ нисбатан бештар хусусияти динӣ касб кардаанд.
ВОКУНИШ: Ҷомеаи кунунӣ инсоният бо хатари ҷиддие, ки бақои одаму оламро таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, андешаи бархе аз коршиносони соҳа беасос нест, ки мегӯянд: “терроризм падидаест, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих мавҷудияташ ҳамроҳӣ намудааст”. Пояҳои терорризм, дарвоқеъ, хеле амиқ буда, тухми иҷтимоии он ба асосу решаҳои ғоявӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва ҷаҳонбиниву маърифатии он иртиботи қавӣ дорад.
ВОКУНИШ: Яке аз масъалаҳои ташвишовар ва падидаи номатлубе, ки дар тамоми ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, терроризм дар ниқоби ислом ном гирифтааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи имрӯза гардидааст. Террорист аз вожаи лотинии terоr-(террору даҳшат) гирифта шуда, маънои тарсу ваҳшату маргро бо худ ҳамл мекунад ва террорист ба касе гуфта мешавад, ки боиси нигаронию хисороти молӣ ва ҷонии дигарон шавад.
Имрӯз 21 августи соли 2023, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид ва роҳбарияти ноҳия аз намоиши кишоварзони Ҷамоат ва пахтазори Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия дидан намуда, дар якҷоягӣ бо саҳмдорони хоҷагӣ ва пирони рӯзгордида ба ғунучинӣ пахта ҳусни оғоз бахшиданд. Бояд қайд намуд, ки ҶДММ Иттиҳодияи аграрии “Водии Заррин” дар майдони 120 гектар замин, пахтаи хушсифат парвариш кардааст, ки нашъунамои хуб дорад.
ВОКУНИШ:Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад.
ВОКУНИШ:Чаро чунин мепиндорем? чунки Ҳизби наҳзати Ислом аз рӯзҳои аввали таъсисёбиашон дини мубини Исломро яроқи асосии ҷалб ва муттаҳидсозии худ қарор дода, сараввал аз оину мазҳабу ҳодисаҳои китоби муққадаси мусалмонон “Қуръон” вазгӯйи карда, ҷонибдоронашонро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ бисёр мекунанд. Сипас аз миёни онҳо шахсони ба худ содиқу наздикро интихоб намуда, барои амали сохтани барномаҳои таҳрезишуда, вобаста мекунанд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.