Дар асосси банди 4-и Нақшаи муштараки аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, оид ба пешбурди корҳои маърифатию тарғиботӣ ва чорабиниҳои фарҳангию иттилоотӣ дар масъалаҳои пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2013, №1409 «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадд
Дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Меҳнатобод, Заргар ва Сарвати Истиқлол суҳбату вохӯриҳо бо мақсади муайян ва пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби ҷомеа, аз он ҷумла бекоршавии ақди никоҳ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, бемориҳои сироятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ маҳфили «Маърифати оиладорӣ» баргузор гардид. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия тасмим гирифтааст, ки чорабиниҳои зеринро дар ҳамаи маҳаллаҳои ноҳия баргузор намояд.
Тибқи нақша чорабинии Ҷамоати деҳоти “Ориён” баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ориён корҳои ободонӣ, сабзу хуррам гардониданӣ идома дорад. Дар санаи 13, 14, 15 июни соли 2019 дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар шанбегӣ гузаронида шуда, ду шаффати роҳ тозаю озода карда шуд.
Бо мақсади пешгири намудани зӯроварӣ дар оила ва тарбия намудани насли наврас оиди оиладорӣ, бо иштироки Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва фаъолони ноҳия, дар Кохи фарҳанги ноҳияи Кӯшониён, бо ташаббуси ташкилоти байналмилалии PDV аз тарафи театри давлатии вилояти Хатлон ба номи Атто Муҳаммадҷонов, саҳначаи тарбиявӣ намоиш дода шуд.
26 декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”- и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси
Бо мақсади пешгири намудани хатогиҳое, ки дар номгузории фарзандон, навиштаҷотҳо, фурӯшгоҳҳо ва ошхонаҳо истифода мешаванд, тибқи нақша чорабинии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, бо иштироки Гавҳар Шарафзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия вохӯрии судманд сурат ги
Бо мақсади дасти ёри дароз намудан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа имрӯз бо ташабббуси раиси Ҷамоати деҳоти Заргар Юсуфзода Абдуҷаббор ва саҳми бевоситаи хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоат ба 14- нафар ятимони Кулли ҳудуди Ҷамоат ба маблағи умумии 2800 сомонӣ ба ҳар яки онҳо дар ҳаҷми 200 сомониги кумаки моддии яквақтаина расонида шуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.