Бахшида ба «Ҳафтаи кӯдакон» тибқи нақша-чорабиниҳои муассисаҳои томактабӣ санаи 23.05.2019 сол дар назди боғчаи №3-и ҷамоати шаҳраки «Бохтариён» байни таълимгирандагон озмуни «Расмкашӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 ва рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 27-уми феврали соли 2019, №68, ҳамзамон дар сатҳи зарурӣ омода намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумли хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сокинони вилоят ба озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ...» дар соли 2019 рӯзи 24.05.2019 дар китобхонаи марказии ноҳия Кӯшониён чорабини баргузор гардид.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои рӯ ба инкишофниҳода буда, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила рушд менамояд.
Бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф санаи 22.05.2019 дар назди шуъбаи маориф байни омӯзгорони муасисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи кушоди «Шашка» баргузор карда шуд.
Дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Рӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.
Бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», субҳи 22 майи соли 2019 дар маркази ноҳия сараввал бо иштироки зиёда аз 5 ҳазор нафар, роҳпаймоии ҷавонону наврасон дар даст бо шиору навиштаҷотҳо ва парчами давлатӣ аз саршавии шаҳраки И.Сомонӣ то бинои Кохи фарҳанги ноҳия, инчунин бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.