АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Паём мулоқоти рӯбарӯи Сарвари давлат бо шаҳрвандони кишвараш, ки тамоми мавзуъҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минъбада ҷиҳати пойдорӣ ва устувории амнияти Ватан рушан месозад.
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кушониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои созандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.
Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён маълум менамояд, ки санаи 26 декабри соли 2018 дар долони бахши фарханг тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.
Рӯзи 26 декабри соли равон, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми ҷумҳурии азизамон ироа гардид.
Тоҷикистони азизи мо бисту ҳафт сол боз дар зери осмони соф ва бе садои тиру туфанг пеш рафта, рушд меёбад. Мардумаш аз паи ободиию созандагӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки сол аз сол кишварамон ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад.
Мувофиқи реҷаи тасдиқ карда шудаи раиси ноҳияи Кӯшониён санаи 24.12.2018 дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён маҷлиси Вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Рӯзи 22 декабри соли равон, таҳти роҳбарии Ҷаббори Ғаффор раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия Қ.Сангалиева муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.