Тоҷикистони азизи мо бисту ҳафт сол боз дар зери осмони соф ва бе садои тиру туфанг пеш рафта, рушд меёбад. Мардумаш аз паи ободиию созандагӣ мебошанд. Ҳамин аст, ки сол аз сол кишварамон ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум хуб мегардад.
Мувофиқи реҷаи тасдиқ карда шудаи раиси ноҳияи Кӯшониён санаи 24.12.2018 дар ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Кӯшониён маҷлиси Вакилони халқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Рӯзи 22 декабри соли равон, таҳти роҳбарии Ҷаббори Ғаффор раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия Қ.Сангалиева муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуд.
Бо амри раиси ноҳияи Кӯшониён аз 10 декабри соли 2018 №86 нақшаи чорабиниҳо бо мақсади татбиқи босамари Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои дурдаст таъсис дода шуд.
Рӯзи 20 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар ноҳияи Кӯшониён, таҳти роҳбарии Д. Шукруллозода муовини раиси ноҳия, раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Рӯзи 21 декабри соли равон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар самти тарғиб ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 корҳои муайянеро ба иҷро расонид.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.