Дар замони мо нишон ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилотҳо табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас, ибтидоӣ ва дар айни замон маълумотдиҳанда сурат намегирад.
Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронзамин пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар шарқии қадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд.
Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО – и Роғун бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Итифоқи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён чорабинии сиёсиву фарҳангии ҳизбӣ доир гардид.
Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.
Ба хотири аргузорӣ ба хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонону наврасон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки Изатуллозода Бибигул, Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Парвиз Азимов, Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён, ҷамъомади васеъ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар баргузор гардид.
Мувофики моддаи 2-юми Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзхои ид», ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, минбаъд дар Точикистони азизи мо рузи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар чамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯрихои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардумиТоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.