Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузургӣ давлат Эмомалӣ Рахмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузургӣ давлаташро эътироф мекунад.
Вақте кас вориди иншооти хизматрасонии неругоҳи барқию обии Роғун мегардад, худро дар як шаҳри калони воқеъ дар қалби кӯҳ тасаввур мекунад, зеро танҳо нақбҳои он 75 километрро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин тамоми иншооти асосии неругоҳ аз ҷумла толори чархҳо, ки баландиаш 69 метр, толори трансформаторҳо, толори дарвозаҳо, бинои 7 – ошёнаи идораи Неругоҳ ва ғайра дар зери замин қарор хоҳанд дошт.
Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён санаи 14 октябри соли ҷорӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» ва кушодашавии чархаи якуми агрегати НБО Роғун Конференсияи илмӣ - бадеӣ таҳти унвони «Пешвои миллат - ифтихори модарони тоҷик» баргузор гардид, ки дар кори конференсия собиқадори меҳнат, аввалин генералзани тоҷик, сокини ноҳияи Кӯшониён Саодат Амиршоева ширкат варзида, оид ба пешравиҳои самтҳои гуногуни хоҷагии
Даврони истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам овард, ки азму талоши фидокоронаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ пайваста таҳким бахшида шавад. Раванди бонизоми пешварфти иқтисодиёт ва инкишофи қариб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз истиқлолияти энергетикӣ вобастагӣ дорад.
Бо мақсади дар сатҳи баландӣ сиёсию маънавӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи Президент» рӯзи 13 ноябри соли равон, дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №14-и Ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки наврасону ҷавонони ҳудуди Ҷамоат Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва варзишгарон пайравони асили Пешвои миллат» баргузор гардид.
Рӯзи Президент санаи навест, дар таквими ҷашну маросимҳои расмии Тоҷикистон ва соли сеюм аст, ки он таҷлил мегардад. Ин рӯзро бо итминон рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст. Рӯзи Президент бо пешниҳоди парлумони кишвар, ба хотири арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Президенти кишварамон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидааст.
Рушди устувори бахшу соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи Ватани маҳбубамон тавассути корҳои содиқонаи ҳамешагии фарзандони шарафмандаш ва таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, давра ба давра бо назардошти рушди ҷаҳони муосир такмил ва тараққӣ дорад.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.