ВОКУНИШ:Мо шаҳрвандони мамлакат шукр аз он дорем, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ дорем. Тоҷикон аз замони қадим ҳамчун халқи соҳибхирад ва маданиятпарвар ба шумор рафта таърихи кӯҳан доранд. Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо имрўзҳо шукргузор аз он ҳастанд, ки дар замони истиқлолият ва дар сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем.
Андеша: Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба - солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст.
Андеша: Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва коста шудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддат ба кишвари тинҷу ороми мо вазъи нохуб ва низои дохилиро миёни мардум ба бор овард, ки ин ба қишрҳои гуногуни ҷомеа хисороти зиёдеро ба вуқуъ пайваст. Баъзе аз ҳамватанони мо аз манзилҳои истиқоматии худ маҳрум гашта, қисми зиёдашон қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.
Андеша: Мо дар арафаи таҷлили ҷашни бошукуҳ 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бояд зикр кард, ки ҷиҳати мустаҳкам гардидани Истиқлолияти давлатӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
АНДЕША: Имрӯзҳо мо дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ИФТИХОР ВА ҶАСОРАТИ БУЗУРГ АСТ
АНДЕША: Мардуми Тоҷикистони сулҳдӯсту сулҳпарвар ҳамавақт ва ба тавсири ҳамешагии сиёсати сулҳхоҳонаи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдори ва пуштибонӣ намуда, барои пойдории он саъю талош меварзанд. Боиси кайд аст, ки ташкилотҳои террористию экстремистиӣ, ки Ҳизби мамнуъшуда ҲНИ эълон шудаанд, мехоҳанд бо ҳар восита махсусан сайтҳои интернети фазои кишвари ободу осудаи моро вайрон созанд. Албатта дар ҷамъият ҳар гуна одамон ҳастанд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.