АНДЕША: Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 1991 ба даст омад, оқибатҳои сангини таърихиро ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик дигарбора овард, ки шаҳдашро начашид аллакай заҳр пошиданд. Агар давраҳои таърихии миллати тоҷикро варақ занем, бараъло мебинем, ки дар байни миллати тоҷик фарзандони хиёнаткор барои манфиатҳои хеш шуда, миллат, давлат ва хешу ақрабои худро мефурӯшанд.
ВОКУНИШ: Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионии давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад.
Вокуниш: Ҳақ ба ҷониби шоири шаҳир Абдулқодирхоҷаи Савдо (1823 - 1873) мебошад, ки ин мисраи шеъриаш дархури замони мост. Як гуруҳ хоинону душманони давлату миллати тоҷик ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Ҳусейн Ашуров, Иқболи Садриддин, Салмону Абдураҳмони - 09 ва ғайраҳо дар ҳақиқат "Фитнаҷӯёни замон" мебошанд ва инҳоро тарбият кардан нашояд ва инҳо тарбият намегиранд!
Вокуниш: Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад.
ВОКУНИШ: Чи хеле ки ҳамаи мо медонем ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеъа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия ёбанд. Имрӯз масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад.
ВОКУНИШ: Вазъи имрӯзаи ҷаҳон басо мураккабу печида мебошад. Тариқи расонаҳои гуногуни иҷтимоӣ падидаҳои номатлуб ва ниҳоят хатарнок баррасӣ мешаванд, ки барои пайдоиш ва густариши ифроту тундгароиҳо замина мегузоранд. Қишри асосие, ки ба ин созмону гуруҳҳо пайваст мешаванд, аксар ҷавонон мебошанд. Аксар ҷавононе, ки тундгароиву ифротӣ ҳастанд, заъфи равонӣ доранд ва ин ҳолат сабаби интихоби сарнавишташон мегардад.
Андеша: Сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун, ки иншооти азими аср ба ҳисоб меравад, яке аз ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, заминаи воқеии расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Баландии сарбанди нерӯгоҳ 3395 метр аст. Ғунҷоиши об дар нерӯгоҳ бошад, ба 13,5 миллиард метри мукааб мерасад.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.