Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки фурӯши симкортҳоро бо нархи 250 сомонӣ то 1-уми январи соли 2019 мутаваққиф кунанд.
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни
давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа
Рӯзи 18 августи соли 2018 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мачлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ доир гардид.
Ба хотири эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ва арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгон бо иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки васеи занону духтарони ҳунарманди ноҳияи Кӯшониён намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Баҳри пешгири намудани ҷавонону наврасонро аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундравӣ террористию экстремистӣ ва маҳкум намудани амалҳои номатлуби ҷавононе, ки ба саёҳони хориҷӣ анҷом доданд, ҳамоиши васеи ҷавонону наврасон дар ноҳия Кӯшониён баргузор гардид.
Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ) дар видеои нимсоатае, ки бо номи "Бозгашт аз ҷаҳаннам” нашр шуд, хиёнаткориҳои роҳбарият ва фаъолони наҳзатиёнро фош сохт. Мулло Аёмиддин ахиран аз Аврупо ба Тоҷикистон баргаштааст.
НАВОРРО ИН ҶО ТАМОШО КУНЕД:
https://www.youtube.com/watch?v=nfopxRvQqRU&t=223s - бо забони тоҷикӣ.
Мулоқоти имрӯзаи мо дар даврае мегузарад, ки мардуми кишварамон, дар зери таассуроти амиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ ва барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷидду ҷаҳд ва талош доранд.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.