Мо, кормандони Маркази дандонпизишки ноҳияи Кӯшониён нисбати амалҳое, ки дар рӯзи дуюми ҷаласаи байни аъзои ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава рух додаст, бетарафи зоҳир карда наметавонем. Маълум мегардад, ки ҳоло ҳам аъзоёни собиқ узви раёсати Ҳ.Н меходанд бо дасти дигарон ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи намояндагони кишварҳои дигарро зидди миллату ватани худ амалӣ намоянд.
Аҳриманӣ кори нафари бадтинату бадхӯе ҳаст, ки дар замираш лона дорад ва ҳамеша барои вайронӣ ва харобӣ мекӯшад. Аслан ин тоифа одамон дар ташаккули давраи аз кӯдакӣ то ба калонсолӣ аз хӯи табиати хеш канда намешаванд ва ин хислат баръакс такмил меёбад, агар ба дасти омӯзгори шоистае наяфтад!
Дар замини мо шахсоне ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита ба халқу миллати мо зарар мерасонад. Ифродгароӣ ва терроризм-зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи хар як инсони комил мебошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқадас бирасем ва Ҷавонони ватандусту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия нисбати амали ноҷавонмардонаи ҲН, ки феълан роҳбарии онро Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда дорад, нисбати ҳодисаи дар рӯзи дуюми ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава рух дода бетараф буда наметавонанд.
Мо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Кӯшониён аз амалиётҳои ваҳшиёна ва террористие, ки дар шоҳроҳи Душанбе – Данғара аз тарафи ифротгарон гузаронида шуд, хело амдуҳгин мебошем.
Сулҳ ин мароми мост!
Санг бар мо мезани, аз рафти он андеша кун,
Мушт бар мо мезани аз захми он андеша кун.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷадон ва ҳар як сокини саёраро таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Барои ҳамии маро зарур аст, ки ба муқобили он муборизаи беамон барем. Яъие бо роҳи ватандустӣ, хештаншиносӣ таблиғ намудани ҷавонон кунем.
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.