Ҳамоиши калони оммавӣ бо иштироки ҷавонони ноҳия бо мақсади баён кардани эътироз вобаста ба фоҷиаи бо сайёҳон рухдода, маҳкум кардани амалҳои террористӣ-экстремистӣ ва кирдорҳои собиқ аъзоёни ТЭТ ҲНИ – ҳамчун хиёнаткорони давлату миллат, ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият ва ба сарҷамъиву муттаҳидӣ даъват кардани тамоми ҷавонони кишвар, дар руҳияи баланди ватандӯстӣ доир карда шуд.
Тариқи шабакаҳои интернетӣ сабти видеоии ҳамоиши ташкилкардаи собиқ роҳбари Ташкилоти Экстремистӣ Террористии ҲНИТ Кабириро дар шаҳри Дортмунд пахш кардаанд. Нишасти навбатии Кабирӣ дар яке аз шаҳрҳои дури давлати хориҷӣ сурат гирифта, дар боби сулҳи Тоҷикистони маҳбуби мо сухан ронда, онро маҳсули заҳмати намояндагони гуруҳи собиқ оппозитсияи Тоҷикистон меҳисобад. Дар ин роҳи пешгирифта ва сухани гуфташуда иштибоҳи Кабирӣ дафъатан намудор мегардад.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо иштроки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва муовини раиси ноҳия Дилаффрӯз Шукруллозода вохӯрии судманд бо фаъолон ва аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки Ҳукумати кишварамон ҷавонону наврасонро дастгири намуда, барои онҳо тамоми шароити лозимаро муҳаё сохтаанд.
Баҳри ҷалби соҳибкорони ватани ба ободу ободкорӣ ва саҳми беандозаи худашонро гузоштан барои пешрафти кишвари азизамон, таҳти роҳбарии раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон Идигул Қосимзода вохӯрии судманд бо соҳибкорон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони як қатор ташкилотҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.
Рӯзи 6 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси Шӯро Д.Шукруллозода ва бо иштироки тамоми аъзоёни Шӯро баргузор гардид.
Воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси ноҳия
- Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи
раиси ноҳия -1 ҷой, маоши мансаби 1095,10 сомонӣ.
Рӯзи 27 июни соли 2018 ба муносибати 21 солагии рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ноҳияи Кӯшониён чорабинии калони оммавӣ-фарҳангӣ доир карда шуд. Чорабинии бошукӯҳ аз ду қисмати калон иборат буд:
Pages
Суроғаи мо
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Кӯшониён
кӯчаи Ибни Сино 3/116
Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.